Ғайриқонунӣ даромадан ба манзил

Ғайриқонунӣ даромадан ба манзил

Судшаванда Н.О. санаи 27.08.2020 сол соати 23-00 дақиқа, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, ба дохили ҳуҷраи зисти манзили истиқоматии Э.У., ки бо шавҳар ва фарзандонаш дар ҳолати хоб қарор дошт ғайриқонунӣ бархилофи хоҳиши номбурда ва аҳли оилааш ворид шуда, кӯрпаи болояшонро кашидааст, ки аз ин ҳолат Э.У. аз хоб бедор шуда, ҳолати дар ҳуҷраи зисташ қарор доштани Н.О-ро дида тарсида доду фиғон намудааст, ки баъди ин ҳолат Н.О. ба саҳни ҳавлии номбурда баромадааст, ки дар натиҷа ба Э.У. зарари маънави расидааст.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Н.О. бо моддаи 147 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шуд.