Ҷавобгарии ҷинояти барои қаллобӣ

Ҷавобгарии ҷинояти барои қаллобӣ

Судшаванда Х.У. ва О.Н. ҷинояти қаллобиро аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, бо расонидани зарар ба миқдори махсусан калон, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин, аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва сохтакори намудани ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳандаро аз ҷониб гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва бо истифода аз техникаи компютериро дар чунин ҳолатҳо содир намудаанд.

Чунончӣ: — тахминан моҳҳои май-июни соли 2013 М.Т. бо мақсади беҳтар намудани шароити манзилии фарзандонаш ба Х.У., ки қаблан бо ҳам шинос будаанд, муроҷиат намудааст.

Х.У. аз эҳтиёҷманди қитъаи замин будани М.Т. огоҳ гардида, вазъияти баамаломадаро барои ба даст овардани ҳуқуқ ба амволи М.Т. моҳирона истифода карда, ваъда медиҳад, ки ба воситаи сардори бригадири Кооперативи тиҷоратии ба номи С.Рӯзиев О.Н., ки шурӯъ аз соли 2011 ба фурӯши ғайриқонунии заминҳои корами кооперативи мазкур машғул будааст, метавонад ба ивази 5000 доллари ИМА ду адад қитъаи замини наздиҳавлигӣ иборат аз 0,06га ҳар кадомаш аз заминҳои Кооперативи тиҷоратии ба номи С.Рӯзиев, воқеъ дар мавзеи Уралободи Ҷамоати деҳоти Х.Ҳасани ш. Панҷакент гирифта диҳад.

М.Т. бехабар аз қасди ҷиноятии Х.У. ва ҳаммаслаконаш дар ду лаҳза ба Х.У. маблағии 5000 доллари ИМА-ро додааст. Х.У. маблағи 5000 доллари ИМА-ро тасарруф намуда, як қисми онро бо О.Н. ва қисми дигарашро ба манфиати шахсӣ ва хоҷагиаш сарф намуда бо ин ба М.Т. зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Баъдан, Х.У. бо маслиҳати пешакӣ бо собиқ сардори бригадири кооператви тиҷоратии ба номи С.Рӯзиев Очилов Н. тахминан моҳи июни соли 2013 аз ҳисоби заминҳои чарогоҳи кооперативи мазкур дар мавзеи Уралободи Ҷамоати деҳоти Х.Ҳасани ш. Панҷакент тарҳи №1338 харитаи заминистифодабарии собиқ ШК Ҳ.Хӯҷамуродов, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №441 аз 27.02.2009сол ба гуруҳи заминҳои маҳалли аҳолинишин гузаронида шудаанд, ду адад қитъаи заминро бо масоҳати ҳар кадомаш 0,06га ғайриқонунӣ чен карда ба М.Т. додаанд.

Х.У. кирдорҳои ҷиноятии худро давом дода, барои пурра бовари ҳосил кардани М.Т. бо маслиҳати пешакӣ бо О.Н. бо роҳҳои ба тафтишоти пешакӣ номаълум барои ду адад қитъаҳои замини ғайриқонунӣ додаашон бо роҳи сохтакорӣ ва истифода аз техникаи компютерӣ ду адад Сертификатҳои ҳуқуқи истифодаи замин Дараҷаи Б №0173792 аз 10.12.2006сол ба номи М.Ҳ. ва Дараҷаи Б№0173992 аз 10.12.2006сол ба номи М.Т. тайёр карда ба охирин дастрас намудаанд.

Инчунин, тахминан моҳҳои май-июни соли 2013 И.Т. бо мақсади беҳтар намудани шароити манзилиаш ба О.Н., ки дар ҳамон давра ба сифати бригадири Хоҷагии деҳқонии С.Рӯзиев кор мекардааст ва дар давоми зиёда аз ду сол бо додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон маъруф гардида буд, муроҷиат кардааст.

О.Н. аз эҳтиёҷмандии қитъаи замин будани И.Т. огоҳ гардида, вазъияти баамаломадаро барои ба даст овардани ҳуқуқ ба амволи И.Т. моҳирона истифода карда, ваъда медиҳад, ки ба ивази 2500 доллари ИМА, як адад қитъа замини наздиҳавлигӣ дар майдони 0,06га аз заминҳои Кооперативи тиҷоратии ба номии С.Рӯзиев воқеъ дар мавзеи Уралободи Ҷамоати деҳоти Х.Ҳасан ш. Панҷакент ҷудо карда медиҳад.

И.Т. бехабар аз қасди ҷиноятии О.Н. дар як лаҳза ба О.Н. дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи Рекстон дар назди бозори марказии ш. Панҷакент маблағи 2500 доллари ИМА-ро медиҳад. О.Н. маблағи 2500 доллари ИМА-ро тасарруф намуда ба манфиати шахси ва хоҷагиаш сарф намуда бо ин роҳ ба И.Т. зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

О.Н. кирдорҳои ҷиноятии худро давом дода, бо маслиҳати пешакӣ бо Хӯҷамқулов У. барои бовари ҳосил кардан бо роҳҳои тафтишоти пешакӣ номаълум барои се қитъаҳои замини ғайрқонунӣ додаашон, бо роҳи сохтакорӣ ва бо истифода аз техникаи компютерӣ се адад Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, аз он ҷумла Дараҷаи Б №0922665 аз 10.12.2006сол ба номи М.И. тайёр карда ба охирин дастрас намудаанд..

Суд  кирдори судшавандаҳо Х.У. ва О.Н.-ро бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ ва бо расонидани зарар ба миқдори махсусан калон, бо моддаи 338 иловаи 1 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ғайриқонуни додани қитъаи замин, аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва бо моддаи 340 қисми 2 бандҳои “б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтакории шаҳодатнома ё дигар ҳуҷҷати расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз уҳдадори озодкунанда бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани чунин ҳуҷҷат, бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон ва бо истифодаи техника компютерӣ, банду баст менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд судшавандаҳо Х.У. ва О.Н. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б”, 338 иловаи 1 қисми 2 банди “б” ва 340 қисми 2 бандҳои “б,в”, гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо ҷазои сазовор таъин карда шуд.