Баргузории ҳашари дастаҷамъона (шанбегӣ) баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузургу муқаддаси 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

Имӯз дар Суди шаҳри Панҷакент бо мақсади вусъат бахшидани корҳои сохтумонӣ, азнавсозӣ ва сабзу хуррамгардони ҳашари дастаҷамъона (шанбегӣ) баргузор гардид.

Аз ҷониби Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузургу муқаддаси 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ободонию бунёдкорӣ ва чорабиниҳои банақшагирифташуда фаъолона мусоидат намуда, бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи бинои суд чораҳои дахлдор андешида шуд.

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои сохтумонӣ, азнавсозӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар рӯзҳои шанбе ҳашари дастаҷамъона (шанбегӣ) баргузор гардонида шуд. Дар шанбегӣ Роҳбарият ва кормандони суд ба таври дастаҷамъона иштирок намуда гирду атрофи биноро аз партовҳо тоза намуда, барои ободу зебо гардондани атрофи бино, дарахтон бо оҳак сафед кадашуда, корҳои нармкунӣ ва сабзкорӣ ба анҷом расонида шуд.