Чорабинии табрикотӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз 16 ноябр соли 2021 дар Суди шаҳри Панҷакент чорабинии табрикотӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор гардид, ки дар он роҳабрият, судяҳо ва кормандони дастгоҳ фаъолона ширкарт варзиданд.

Сараввал Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва сипас раиси суди шаҳри Панҷакент Мирзоҳомидзода Д. маҷлисро ҳусни оғоз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Баъдан судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди шаҳри Панҷакент бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш Раиси Суди шаҳри Панҷакент ҳамагонро башида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта дар фаъолияти корӣ ва  амалисозии адолати судӣ комёбиҳоро таманно намуданд.