ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъин намудани интихоботи
машваратчиёни халқии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:

1. Интихоботи машваратчиёни халқии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо аз 21 ноябр то 21 декабри соли 2022 гузаронида шавад.

  1. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо дар муҳлати муқаррарнамудаи банди 1 ҳамин фармон гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқиро мувофиқи Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ таъмин намоянд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 ноябри соли 2022
№474