Халал расонидан дар роҳ ҳангоми ҳаракати муштарак

Халал расонидан дар роҳ ҳангоми ҳаракати муштарак

Ҳуқуқвайронкунанда А.А. санаи 09.06.2021 сол соати 17:50 дақиқа бо воситаи нақлиёти тамғаи “Хундай–Саната» рақами қайди давлатиаш 2222 РА 02 дар роҳи автомобилгарди шаҳри Панҷакент банди 12.(к) Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар ҳаракати муштарак дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ки ба ҳаракат дар роҳ халал мерасонанд ё ба бехатарии ҳаракат таҳдид менамоянд иштирок кардааст, ки зимни ҳаракт аз тарафи нозири ХРД ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент боздошт гардида нисбати ӯ протокол тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда А.А.-ро бо моддаи 328 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои маъмуриро барои иштироки ронандагони мотосиклҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати муштарак дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ки ба ҳаракат дар роҳ халал мерасонанд ё ба бехатарии ҳаракат таҳдид менамоянд, банду баст карда гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда А.А. дар доираи раводиди моддаи 328 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.