Истиқлолият бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақили тоҷикон дар масири таърих

Истиқлолият бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақили тоҷикон дар масири таърих

Халқи тоҷик аз куҳантарин мардуми соҳибтамаддуни ҷаҳон буда, барояшон озодию истиқлол яке аз арзишҳои меҳварӣ маҳсуб меёбад. Ин халқ дар масири таърих ҷиҳати расидан ба озодию истиқлол, ки таъминкунандаи он давлати миллӣ аст, борҳо кўшиш намуда, ба зумраи халқиятҳое мансуб аст, ки нахустин давлати мутамаддини башариро ба миён овардаанд, вале борҳо бо таъсири душманони дохилию берунӣ давлатҳои бунёднамудааш, аз байн рафтаанд, вале иродаи қавию созанда, фарҳанги бузурги эҳёгар ўро боз ҳам зинда нигоҳ медошт ва ба талошҳои шаҳрсозӣ, кишоварзӣ, илму адаб равона мекард. Бо ибораи дигар тоҷикон дар тўли таърихи мавҷудият ҳазорон бор ба хатари нобудшавӣ мувоҷеҳ гардида, бо иродаи қавӣ ба муқобили ҳар гуна сиёсатҳои ғасбкунандаи замон, муборизаи сиёсӣ бурдаанд.

Баъди барҳам хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои шомили он, Тоҷикистон низ истиқлолият ба даст овард, вале ҷанги таҳмилие, ки асосан ба хотири аз байн бурдани ин истиқлолият ба вуқўъ омада буд, ба пора-пара шудани Тоҷикистон ва нестии миллат таҳдид менамуд.

 Истиқлолияти Тоҷикистон ва соҳиби давлату давлатдории худ гардидани тоҷикон, аз як тараф маҳсули равандҳо ва таҳаввулоти таърихии охири асри бистум бошад, аз сўйи дигар натиҷаи талошҳои садҳо фарзандони баору номуси миллат аст, ки барои озодӣ, ободӣ ва обрўйи миллату истиқлолияти Ватани азизамон фидокорию ҷоннисориҳо кардаанд. Аз ин рў рўзи 9-уми сентябр соли 1991, барои мо на танҳо Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин чун санаи тантанаи адолати таърихӣ азизу арҷманд гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар тўли 35 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд, таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд қадамҳои устувор ниҳода, дар арсаи байналмииллалӣ ҳамчун як кишвари соҳибтамаддуну фарҳангсолор ба расмият шинохта шуд. Замони соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрфти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намоем. Истиқлолият барои мо бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонида ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Сулҳу ваҳдати миллӣ, оромию суббот дар ҷомеа ва таъмини амнияти сартосарии кишвар, аз беназиртарин ва арзишмандтарин дастовардҳое мебошад, ки мардуми бузургу сарбаланди тоҷик бо шарофати заҳмату талошҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба даст овардааст. Қобили тазаккур аст, ки бо азму талошҳои Пешвои муаззами миллат заминаҳои мусоид барои амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат фароҳам оварда шуданд. Воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талоши Пешвои муаззами миллат ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву руҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки танзими пайвастаи онҳо ба истиқлолияти давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Аз ин лиҳоз, вазъи ноустувор ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрўза, моро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёру зиррак бошем, истиқлолу озодии кишвару миллатро ҳифз намоем, волоияти Конститутсия ва қонунҳои давлати худро таъмин кунем, саъюу талоши худро ба хотири боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ равона созем, Ватаномонро обод ва давлатамонро нерўманду пешрафта гардонем.

Судяи суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд,

Муҳиддинзода Бузургмеҳр Ҳамро.