Насб кардани таҷҳизоти иловагии махсуси садодиҳанда ба воситаҳои нақлиёт

Насб кардани таҷҳизоти иловагии махсуси садодиҳанда

ба воситаҳои нақлиёт

Ҳуқуқвайронкунанда А.А. 24.08.2020 сол соати 11:33 дақиқа автомашинаи тамғаи «ВАЗ – 2121», рақами қайди давлатиаш 6202 МА 02-ро, ки ба хадамоти фаврӣ ё махсус тааллуқ надорад, таҷҳизоти махсуси садодиҳанда насб карда, Қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя накарда, ҳангоми ҳаракат аз тарафи нозири ХДР ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент боздошт гардида дар ин хусус нисбаташ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда А.А.-ро бо моддаи 316 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани қоидаҳои насб кардани таҷҳизоти иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёте, ки ба хадамоти фаврӣ ва махсус тааллуқ надоранд банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда А.А. дар доираи раводиди моддаи 316 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.