Оқибатҳои риоя накардани танзими анъана ва ҷашну маросим

Оқибатҳои риоя накардани танзими анъана ва ҷашну маросим

Ҳуқуқвайронкунанда М.С. санаи 21.03.2021 сол тахминан соати 08-00 дақиқа маросими чили марҳум падарашро дар манзили истиқоматиаш бо даъвати зиёда аз 40- нафар меҳмонон бо омода намудани ду намуд таом ва оростани дастархон бо харҷи зиёд гузаронидааст, ки ҳолати мазкур бар хилофи талаботи моддаи 11 қисми 2 –уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошад, ки вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент нисбати ӯ бо моддаи 481 қ.1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда М.С.-ро бо моддаи 481 қ.1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда М.С. дар доираи раводиди моддаи 481 қ.1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима таъин карда шуд.