Оқибати иҷро накардани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Оқибати иҷро накардани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Мувофиқи моддаи 8 сархати 20–уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидон уҳдадоранд, ки ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд роҳ надиҳанд.

Санаи 13.04.2020 сол аз ҷониби ШВКД ҶТ дар ш.Панҷакент ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Панҷакент муайян карда шудааст, ки ноболиғ Ҳ.И. хонандаи синфи 9 МТМУ №56 ш.Панҷакент ба оворагардӣ мағул шудааст.

Аз ин хотир бинобар вайрон кардани талаботҳои Қонуни мазкур аз ҷониби сардори ШВКД ҶТ дар ш.Панҷакент нисбати модари ноболиғ С.Н. бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда С.Н.-ро бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон, омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати ноболиғон банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда С.Н. дар доираи раводиди моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо таъин карда шуд.