ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, № 7, қ.1, мод. 380; с. 2015, № 7-9, мод. 698; с. 2016, № 7, мод. 603; с. 2018, № 2, мод. 62; Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, № 1751) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

  1. Қисми 3 моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«3. Судя ӯҳдадор аст маҳдудиятҳоро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» пешбинӣ гардидаанд, риоя намояд. Судя ҳангоми таъин (интихоб) шудан  ба вазифа ва ҳангоми адои вазифа ӯҳдадор аст ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ пешниҳод намояд. Маълумоти пешниҳодшуда, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошкор карда намешавад.».

  1. Моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 17. Савганди судя

  1. Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо чунин савганд ёд мекунад: «Ботантана  савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона, холисона, поквиҷдонона ва одилона иҷро менамоям, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат карда, адолати  судиро амалӣ менамоям.  Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
  2. Ҳангоми маросими савгандёдкунии судя Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
  3. Ҳангоми савгандёдкунӣ судя рост истода, дасти росташро ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунад. Пас аз савганд ёд кардан судя матни савгандро бо имзои шахсии худ тасдиқ ва санаи қабули онро сабт менамояд. Матни савганд дар парвандаи шахсии судя нигоҳ дошта мешавад.».
  4. Дар қисми 1 моддаи 18:

– сархати панҷум хориҷ карда шавад;

– сархатҳои сездаҳум ва чордаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ бошад;

– дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ маълумоти бардурӯғ пешниҳод карда бошад;».

  1. Дар қисми 1 моддаи 37:

– дар сархати панҷум калимаи «судяҳоро» ба калимаҳои «судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро» иваз карда шавад;

– ба сархати ҳафтум пас аз калимаҳои «коромӯз – судя,» калимаҳои «сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар,» илова карда шаванд;

– сархати бистушашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

                «- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси шумораи судяҳои Суди Олӣ, судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ, шаҳр ва ноҳия, машваратчиёни халқии судҳо, сохтор ва шумораи воҳидҳои кории  дастгоҳҳои судҳо, ба истиснои судҳои иқтисодӣ, пешниҳод ирсол менамояд;»;

– ба сархати сиюшашум пас аз калимаҳои «қабул менамояд,» калимаҳои «кормандони дастгоҳро тибқи тартиби муқарраргардида барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад,» илова карда шаванд.

  1. Ба моддаи 38 сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал менамоянд;».

  1. Дар қисми 2 моддаи 39:

– ба сархати ҳафтум пас аз калимаҳои «чораҳо меандешад» калимаҳои «, аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд» илова карда шаванд;

– сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал менамояд;».

  1. Ба сархати бистунуҳуми қисми 1 моддаи 53 пас аз калимаҳои «қабул менамояд,» калимаҳои «кормандони дастгоҳро тибқи тартиби  муқарраргардида барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад,» илова карда шаванд.
  2. Сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 63 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии ғайринизомӣ ва хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) суди ҳарбиро, ба истиснои сардори шӯъба, мушовир, пристави судӣ ва ёрдамчии раиси суд ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;».

  1. Ҷумлаи сеюми қисми 2 моддаи 67 хориҷ карда шавад.
  2. Сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 77 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- ба ташкили кори дастгоҳи суд роҳбарӣ карда, кормандони дастгоҳ ва хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) судро, ба истиснои сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, пристави судӣ, мушовирон ва ёрдамчии раиси суд, ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд;».

  1. Ба сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 83 пас аз калимаҳои «ба истиснои» калимаҳои «сардорони шӯъбаҳо, мутахассисони пешбар,» илова карда шаванд.
  2. Ба сархати шашуми қисми 1 моддаи 88  пас аз калимаҳои «ба истиснои» калимаҳои «сардорони шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисиони пешбар,» илова карда шаванд.
  3. Дар моддаи 91:

– қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«2. Сохтор ва шумораи воҳидҳои кории дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шумораи воҳидҳои кории дастгоҳи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе мувофиқан бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.»;

– ба қисми 3 пас аз калимаҳои «воҳидҳои кории амалкунанда» калимаҳои «, аз як суд ба суди дигар додани воҳиди корӣ» илова карда шаванд;

– қисми 5 хориҷ карда шавад;

– қисми 6 қисми 5 ҳисобида шуда, дар он калимаҳои «Пристави судӣ» ва «пристави судӣ» мувофиқан ба калимаҳои «Сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, пристави судӣ» ва «сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, пристави судӣ» иваз карда шаванд;

– қисми 7 қисми 6 ҳисобида шавад;

– қисми 8 қисми 7 ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«7. Кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳои шаҳр ва ноҳия, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ва кормандони Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон), хизматчии давлатӣ мебошанд.»;

– қисми 9 қисми 8 ҳисобида шавад.

  1. Дар қисми 5 моддаи 131 калимаҳои «ба оилаи вай» ба калимаҳои «ба ӯ ва ё аъзои оилааш» иваз карда шаванд.
  2. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 132 калимаҳои «ба ворисони  вай» ба калимаҳои «ба аъзои оилааш» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 20 апрели соли 2021, № 1772