ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9-10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, № 7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7-8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, № 3, мод. 201, № 7-9, мод. 707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, № 11, мод. 877; с. 2017, № 1-2, мод. 5, мод. 6, № 5, қ. 1, мод. 275, № 7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, № 1, мод. 9, № 5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, № 1, мод. 8, № 6, мод. 312, мод. 313, № 7, мод. 464; с. 2020, № 1, мод. 6, № 7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, № 12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, № 6, мод. 384, мод. 385, № 12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, № 1-3, мод. 12), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

  1. Ба моддаи 330 қисмҳои 3 ва 4 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«3. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуӣ ва шишаи қафо, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунанд, ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаи сиёҳу хираи қафо ё шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафо, –

ба андозаи ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафо, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунанд, ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ барои  истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаи сиёҳу хираи қафо, –

ба андозаи ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;

– қисми 3 қисми 5 ҳисобида шавад.

  1. Ба моддаи 336 қисмҳои 4, 5 ва 6 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«4. Барои аз тарафи ронанда бе категорияи мувофиқ идора кардани воситаи нақлиёт, –

ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои ба шахсе, ки ҳуқуқи идоракунии категорияи мувофиқ ба воситаи нақлётро надорад, вогузоштани идоракунии он, –

ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои содир намудани кирдори бо қисми чоруми ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси расонидани зарар ба воситаҳои нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ ва дигар иншоот ё дигар молу мулк гаштааст, –

ба андозаи яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 19 июли соли 2022, № 1901

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон

«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 22 июни соли 2022, № 775

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо

ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 15 июли соли 2022, №293