Овардан ва истифодаи телефонҳои мобили ҳангоми дарс

Овардан ва истифодаи телефонҳои мобили ҳангоми дарс

Мувофиқи моддаи 8 сархати 12–уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидон уҳдадоранд ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд.

Санаи 12.01.2021 сол аз прокурори дар ш.Панҷакент ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Панҷакент муайян карда шудааст, ки ноболиғ Ш.О. хонандаи синфи 11 МТМУ №1 ш.Панҷакент бо телефонии мобили дар дарсҳо иштирок намудааст.

Аз ин хотир бинобар вайрон кардани талаботҳои Қонуни мазкур аз ҷониби ШВКД ҶТ дар ш.Панҷакент нисбати модари ноболиғ Б.М. бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Б.М.-ро бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон, омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати ноболиғон банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Б.М. дар доираи раводиди моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима таъин карда шуд.