Риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома

Риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома

С.С. санаи 14.07.2020 сол тахминан соати 08:10 дақиқа бо автомашинаи тамғаи «Мерседес – Бенс» рақами қайди давлатиаш 4573 RX 01 дар роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент ба фаъолияти боркашонӣ машғул шудааст, ки бо ин кирдораш талабот ва шартҳои иҷозатнома ё қоидаҳои иҷрои намуди муайяни фаъолиятро риоя накардааст. Бо таъиноти сардори РХДНТСН-и минтақаи Зарафшон аз 14.07.2020 нисбаташ бо моддаи 511 қисми 1 КХМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда С.С.-ро бо моддаи 511 қ.1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз ҷониби иҷозатномадор риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома пешбинӣ мекунад, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда С.С. дар доираи раводиди моддаи 511 қ.1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима таъин карда шуд.