Таҷлили рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукуҳ , яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлати, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.

Воқеан ҳам давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлатӣ аз ҷумла Парчами давлатӣ тасавур кардан ғайриимкон аст.

Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии  Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Точикистон дар сессия Шурои Оли 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.

Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.

Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳансолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.

Воқеан, дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад.

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзиш, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад.

Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар руҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.