Таъмин карда натавонистани бехатарии ҳаракат дар роҳ

Таъмин карда натавонистани бехатарии ҳаракат дар роҳ

 

Ҳуқуқвайронкунанда Ш.Ш. санаи 15.04.2021 сол соати 12:00 дақиқа бо воситаи автомашинаи тамғаи «Опел – Астра» рақами қайди давлатиаш 3555 НА 02 -ро ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ш.Панҷакент, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста ба дохили ҷӯйбори канори рости роҳ афтидааст, ки дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта ба беморхона бистари гардидааст.  Ҳолати мазкур аз ҷониби нозири ХРД ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент муайян гардида нисбати ӯ протокол тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Ш.Ш.-ро бо моддаи 333 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии инсон гаштааст банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ш.Ш. дар доираи раводиди моддаи 333 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин намуд.