Вогузоштани идоракунии воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад

Вогузоштани идоракунии воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад

Ҳуқуқвайронкунанда Ҷ.С. санаи 29.12.2019 сол соати 19:30 дақиқа дар роҳи автомобилгарди шаҳри Панҷакент Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда, идораи воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай-Старекс» рақами қайди давлатиаш 3852 НР 02-ро ба шахсе супоридааст, ки ҳамроҳи худ барои идораи воситаи нақлиёти ҳамин категория шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони қайди қоидавайронкунӣ ба он, ё дар мавриди мувофиқи тартиби муайяншуда гирифта шудани онҳо, иҷозатномаи муваққатӣ (ба истиснои ҳолатҳои мутобиқи ҳамин Қоидаҳо таълим додани рондани воситаи нақлиёт) надорад, ки аз тарафи нозири ХДР ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент боздошт гардида дар ин хусус нисбаташ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Ҷ.С.-ро бо моддаи 336 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад вогузоштани идоракунии воситаи нақлиёт банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ҷ.С. дар доираи раводиди моддаи 336 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.