Зӯроварӣ дар оила

Зӯроварӣ дар оила

Ҳуқуқвайронкунанда Ҳ.А. соли 2015 бо шаҳрванд С.У оила барпо намуда, дар аввал муносибаташон хуб будааст ва вақтҳои охир муносибати ҳамсараш дигаргун шуда худсарона рафтор мекардааст. Маротибаи охир ӯ асабони шуда нисбати ҳамсараш ноҳурмати карда аз мӯйи сараш кашола карда ӯро аз манзилаш бароварда пеш кардааст.

Аз ҷониби нозири пешгирии зӯроварӣ дар оилаи ШҲТҶ ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент муайян гардида нисбати ӯ протокол тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Ҳ.А.-ро бо моддаи 931 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, яъне содир намудани кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё иқтисодӣ ё таҳдиди содир намудани онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, агар ин кирдор боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оила  гардад, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ҳ.А. дар доираи раводиди моддаи 931 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.