Риоя накардани қоидаҳои шикори моҳӣ

Риоя накардани қоидаҳои шикори моҳӣ

Ҳуқуқвайронкунанда Р.О. санаи 15.10.2024 сол дар соҳили дарёи Зарафшон ғайриқонунӣ аз парваришгоҳи табии давлатии “Зарафшон”-и Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ш.Панҷакент ба шикори моҳӣ бо олоти моҳигирӣ машғул шудааст, ки дар натиҷа аз ҷониби мутахассиси Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент дастгир карда шуда нисбати ӯ протокол тартиб дода шуда, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Р.О.-ро бо моддаи 208 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани қоидаҳои шикори ҳайвонот, моҳигирӣ ва муҳофизати захираҳои моҳӣ, инчунин қоидаҳои дигари истифодаи олами ҳайвонот пешбини мекунад, банду баст карда гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Р.О. дар доираи раводиди моддаи 208 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.