ҒАЙРИКОНУНӢ  БУРИДАНИ  ДАРАХТ

ҒАЙРИКОНУНӢ  БУРИДАНИ  ДАРАХТ

 

Таҳти раисии судя Эсозода З. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ, дар Кумитаи маҳаллаи “Лаби Чашма”-и ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Т.М. дар содир намудани ҷиноятӣ моддаи 234 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Судшаванда Т.М. санаи 05.02 соли 2024 бархилофи талаботҳои моддаи 54 қисми 4 Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 14 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи олами наботот ва ҳайвонот” амал карда, бидуни гирифтани иҷозат ва ҳуҷҷатҳои дахлдор аз қабили иҷозатномаи Бахши муҳити зисти ш.Панҷакент ва муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ш.Панҷакент аз ҳудуди заминҳои мансуби насоси обкашишии “Зарафшон”–и КДФ “Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и ш.Панҷакент, ба миқдори 12 адад дарахтҳои сафедор, 3 адад дарахтони зардолу, 3 адад дарахтони бед ва 3 адад дарахтони чормағзро, ки дар ҳолати сабзиш ва манфиатнок қарор доштаро, ғайриқонунӣ буридааст, ки бо ин кирдораш ба манфиати давлат ба маблағи 16272 (сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.

Ба судшаванда мувофиқи ҳамин модда ҷазои сазовор таъин карда шуд.