Ғайриконунӣ соҳиб шудан ва нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор

Ғайриконунӣ соҳиб шудан ва нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор

 Судшаванда К.Б тахминан 30 декабри соли 2023 тахминан соати 09:00 дақиқа бо шиносаш Б.К дар назди хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар суроғи шаҳри Панҷакент, вохўрда, аз охирон бар ивази маблағи 500 сомонӣ як адад бастаи селофании дорои воситаи нашъадори навъи “афюн”-ро бо мақсади истеъмоли шахсиаш ғйриқонунӣ соҳиб шуда, бо худ нигоҳ доштааст.

Санаи 23 феврали соли 2024 тахминан соати 15:10 дақиқа судшаванда К.Б. дар ҳудуди кўчаи Лаби чашмаи шаҳри Панҷакент қарор доштааст, ки ҳамон вақт ҳангоми гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони РАНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо гумони даст доштан дар муносибати ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дастгир карда шудааст.

Ҳангоми кофтукови шахсии судшаванда К.Б. аз киссаи тарафи рости болопўши мавсимии дар тан будаи ў як адад бастаи селофании рангаш зардчатоб, ки дар дохилаш маводи хамирмонанди рангаш ҷигарии бўйи махсус дошта мавҷуд будааст, ёфта гирифта шудааст.

Суд  кирдори судшаванда К.Б.-ро бо моддаи 201 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор, яъне ғайриконунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ба миқдори кам пешбинӣ мекунад, банду баст намуд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд К.Б. бо моддаи 201 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.