Ғайриконунӣ соҳиб шудан ва нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор

Ғайриконунӣ соҳиб шудан ва нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор

 Судшаванда Қ.Р. тахминан моҳи сентябри соли 2024 дар вақти барои муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳудуди минтақаи «Метро тушинский»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор доштанаш, аз «М» ном шахси ба тафтиши пешакӣ номаълум як микдор воситаҳои нашъадори навъи «героин»-ро барои истеъмоли шахсии худ, яъне бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ғайриқонунӣ соҳиб шуда, бо худ нигоҳ дошта, пасон тахминан санаи 23.09.2024 сол ба зодгоҳаш, яъне манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Панҷакент баргашт омадааст. Номбурда, баъди аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанаш, дар  манзили истиқоматии худ, воқеъ суроғаи дар боло зикршуда аз ин миқдор воситаҳои нашъадори навъи «героин»-и ғайриқонунӣ соҳиб шуда бо худ овардааш, якчанд маротиба тариқи дар сими сузон дуд кардан кашида, истеъмол карда, боқимондаашро дар бастачаҳои селофанӣ печонида дар кисаи либос, яъне шими варзишии дар тан доштаи худ гузошта, ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст. Санаи 21-уми октябри соли 2024  тахминан соатҳои 16:00 16:20 дақиқа дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ дар назди дарвозахонаи манзили истиқоматии Қ.Р.  воқеъ дар суроғаи дар боло зикршуда аз кисаи чапи шими варзишии дар тан доштаи номбурда дар ду бастачаҳои селофанӣ, ки дар дохилаш як миқдор маводи хока ва ғурушамонанди ранги сафеди хокистаритоби буи махсусдошта дарёфт ва тариқи ҳуҷҷатгузорӣ, яъне бо тартиб додани санади расмӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст. Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-кимиёвии ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  таҳти № 591 аз 25.10.2024 сол маводи хока ва ғурушамонанди ранги сафеди хокистаритоб ва буи махсусдошта, ки аз шаҳрванд Қ.Р. гирифта шуда, ба тадқиқоти судӣ-кимиёвӣ пешниҳод шудааст, омехтаи воситаи нашъадори навъи «героин»  будааст.

Суд кирдори судшаванда Қ.Р.-ро бо моддаи 201 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор, яъне ғайриконунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ба миқдори кам пешбинӣ мекунад, банду баст намуд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Қ.Р. бо моддаи 201 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.