ҚАСДАН РАСОНИДАНИ ЗАРАРИ МИЁНА БА САЛОМАТӢ

ҚАСДАН РАСОНИДАНИ ЗАРАРИ МИЁНА БА САЛОМАТӢ

 

Дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда А.Ў. санаи 9 сентябри соли 2024, тахминан соати 16:00 дақиқа, дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар суроғаи шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Хурмӣ, бо ҳамдеҳааш, яъне хушдоманаш А., ки барои гирифтани либосҳои духтараш омада будааст, вохўрда, барои гирифтани либосҳои охирин монеъ шуда, бинобар сабабҳои оштинопазир бо А. муноқиша намуда, бо дасту пойҳояш ба дасти чап ва дигар узвҳои бадани охирон зарбаҳо зада, лату кўб намуда, ба саломатиаш зарари ҷисмонӣ расонидааст. А. аз ҷароҳатҳои ҷисмонии дар натиҷаи лату кўби А.Ў. бардоштааш, санаи 11.09.2024 сол, соати 11:30 дақиқа ба шуъбаи осебшиносии беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бистарӣ шудааст.

Мутобиқи хулосаи экспертизаи тиббӣ-судӣ, таҳти №235, аз санаи 18 сентябри соли 2024, ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштаи А. дар намуди шикасти пўшидаи устухони соиди дасти чап дар ҷойи урфӣ бо беҷошавӣ, ҷароҳати буридаи қафои пойи чап, ҳамчун ҷароҳатҳои ба саломатӣ зарари миёна расонидашуда, мансуб дониста шудааст..

Суд кирдори содирнамудаи А.Ў.-ро бо моддаи 111 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ, ки барои ҳаёт хавфнок набуда ва оқибатҳои дар моддаи 110 ҳамин Кодекс пешбинишударо ба миён наовардааст, вале боиси харобшавии тўлонии саломатӣ ё  ба таври устувору назаррас аз даст додани камтар аз сеяки қобилияти умумии меҳнатӣ шудааст, муқаррар менамояд, банду баст менамояд.

Ба судшаванда мувофиқи ҳамин модда ҷазои сазовор таъин карда шуд.