Қасдан расонидани зарари миёна ба саломати дар ҳолати мастӣ
Қасдан расонидани зарари миёна ба саломати дар ҳолати мастӣ
Таҳти раисии судя Муҳиддинзода Б.Ҳ. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Н.Қ. шахси қаблан содирнамудаи ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии пешбининамудаи моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфтааст, санаи 7-уми январи соли 2025, тахминан соати 16:00 дақиқа, дар ҳолати мастӣ, қарор дошта, бо Э.О., баҳсу муноқиша карда, бо мақсади қасдан расонидани зарари миёна ба саломатии Э.О. ба номбурда дарафтода, кашокашӣ карда, бо мушту лағаташ ба сару рўй ва аъзои бадани охирон зада, латту кўб карда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Мутобиқи хулосаи экспертизаи тиббӣ-судӣ, таҳти №28, аз санаи 14 январи соли 2025, ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштаи Э.О. дар намуди шикасти пўшидаи устухони соиди банди дасти рост дар ҷойи урфӣ бе беҷошавӣ, периодонтити осебии дандонҳои 3-4 ва хуномосҳо, ҳамчун ҷароҳатҳои ба саломатӣ зарари миёна расонидашуда, мансуб дониста шудааст, чунки чунин ҷароҳатҳо дар муддати тўлонӣ, яъне зиёда аз се ҳафта (зиёда аз 21 рўз) ҷисми одамро ноором месозанд ва аз таъсири ҷисмҳои сахту кунд бардошта шудаанд. Муҳлати бардоштани ҷароҳатҳо бо нишондоди ҳолати воқеа, яъне санаи 7 январи соли 2025 мувофиқат мекунанд, ки дар ин бора хуномосҳои рангашон бунафши кабудтоб ва маълумотҳои санади тадқиқоти (шаҳодатгардонии) тиббӣ-судӣ №24, экспертизаи тиббӣ-судӣ шаҳодат медиҳад.
Суд маводҳои парвандаи ҷиноятиро санҷида, муайян кард, ки айби эътирофнамудаи судшаванда Н.К асоснок буда, бо далелҳои дар қабати парвандаи ҷиноятӣ ҷамъовардашуда, исботи худро ёфтааст, аз ин рў суд кирдори судшаванда Н.К-ро бо моддаи 111 қисми 2 банди “ж” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ, ки барои ҳаёт хавфнок набуда ва оқибатҳои дар моддаи 110 ҳамин Кодекс пешбинишударо ба миён наовардааст, вале боиси харобшавии тўлонии саломатӣ ё ба таври устувору назаррас аз даст додани камтар аз сеяки қобилияти умумии меҳнатӣ шудааст ва аз ҷониби шахси қаблан содирнамудаи ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии пешбининамудаи моддаи 110 ҳамин Кодекс содир гардидааст, муқаррар менамояд, банду баст менамояд.
Ба судшаванда мувофиқи ҳамин модда ҷазои сазовор таъин карда шуд.