Ҷавобгари барои ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳи нарасида

Ҷавобгари барои ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳи нарасида

 

Судшаванда Ҳ.С. дидаву дониста, ки духтари ноболиғаш ба синни никоҳи нарасида, ҳанӯз ноболиғ мебошад, хилофи талаботи қонунҳои амалкунандаи кишвар амал намуда, духтараи ноболиғашро ба сокини ш.Панҷакент ба шавҳар додааст, ки, моҳи октябри соли 2023 туйи хонадоршавии онҳо ба тариқи мусулмонӣ баргузор гардидааст.

Тибқи талаботи моддаи 13-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон синни никоҳӣ аз 18 солаги муқаррар карда шуда, дар ҳолатҳои истиснои суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳиро ба мӯҳлати на бештар аз як сол кам кунад.

Аммо, Ҳ.С. бар хилофи талаботи қонунҳои амалкунанда амал намуда, дидаву дониста, қасдан, аз рӯи манфиатҳои шахси духтари ноболиғи ба синни никоҳи нарасидаи худро ба шавҳар додааст, ки он ба озодӣ, баробарӣ ва инкишофи муътадили ҷисмонию маънавии охирон таъсири манфӣ дорад.

Суд  кирдори судшаванро бо моддаи 168 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳи нарасида аз ҷониби падару модар муқаррар мекунад, банду баст менамояд.

Ба судшаванда мувофиқи ҳамин модда ҷазои сазовор таъин карда шуд.