Ҷавобгари барои бе рақами давлатӣ идора намуди воситаи нақлиёт

Ҷавобгари барои бе рақами давлатӣ идора намуди воситаи нақлиёт

Ҳуқуқвайронкунанда Х.К. санаи 05.05.2025 сол соати 16:15 дақиқа автомашинаи тамғаи «ВАЗ – 2109» рақами қайди давлатиаш 5304 ЕЕ 02-ро дар роҳи автомобилгарди н.Спитамен бе рақами қайди давлатӣ идора намудааст, ки дар натиҷа аз ҷониби РХРД ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд боздошт гардида нисбати ӯ протокол тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Х.К.-ро бо моддаи 312 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои идора кардани воситаи нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ ва бо рақами ноайён пешбини мекунад, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Х.К. дар доираи раводиди моддаи 312 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.