Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои бидуни сабабҳои узрнок вайрон намудани мўҳлати баррасии арзу шикояти шаҳрвандон

Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои бидуни сабабҳои узрнок вайрон намудани мўҳлати баррасии арзу шикояти шаҳрвандон

Судшаванда Р.С. аз 1 сентябри соли 2022, то июли соли 2023 ҳамчун котиб, дар як вақт иҷрокунандаи вазифаи Раиси Ҷамоат ва аз 1 июли соли 2023, то инҷониб ҳамчун Раиси Ҷамоат кору фаъолият намуда, дар давраи фаолияти кориаш ҳамчун роҳбар ва шахси мансабдор талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”-ро дағалона вайрон намуда, муроҷиатҳои 24 нафар сокинони ҷамоат, аз ҷумла шаҳрвандон М.Э оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз 15.06.2023 сол, М.Х оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз 15.06.2023 сол, С.А оид ба баҳси истифодаи замин аз 12.06.2023 сол, ва дигаронро қабул намуда, то рўзи санҷиш, яъне 31 январи соли 2024 бе ягон асос дар утоқи кориаш бебаррасӣ гузошта, аризаҳои мазкурро дар китоби қайди муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бақайд нагирифта, баррасии саривақтӣ ва воқеии ин муроҷиатҳоро таъмин накардааст, ки дар натиҷа, муроҷиатҳои 24 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти мазкур зиёда аз ду моҳ бебаррасӣ монда, тартиб ва муҳлати баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандони зикршударо дағалона вайрон карда шуда, дар натиҷа ба ҳуқуқу манфиатҳои конститутсионии ин шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расидааст.

Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 18 ва қисми 1 моддаи 20 ва 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” муҳлатҳои баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар давоми сӣ рўз ва муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар муҳлати понздаҳ рӯз аз рӯзи бақайд гирифта шуданашон, бояд аз ҷониби шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдоршуда, ки баррасии муроҷиатҳо ба зиммаашон вогузор карда шудааст, баррасӣ гардида, посух дар шакли хаттӣ ба суроғаи маҳалли истиқомати шахсони воқеӣ, ё ҷойгиршавии шахсони ҳуқуқӣ ирсол карда мешавад.

Аммо раиси Ҷамоат Р.С, талаботҳои Қонуни мазкурро ба таври дағалона вайрон намуда, бо ин роҳ ҳуқуқу манфиатҳои 24 нафар шаҳрвандонро ба таври ҷиддӣ поймол намудаст.

Мувофиқи талаботи моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Суд кирдори судшаванда Р.С.-ро бо моддаи 163 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои бидуни сабабҳои узрнок вайрон намудани мўҳлати баррасии арзу шикояти шаҳрвандон, инчунин вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи шаҳрвандон, зарари ҷиддӣ ворид намудааст, пешбинӣ менамояд, банду баст менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Р.С. бо моддаи 163 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.