Ҷавобгарии ҷиноятӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавонистан
Ҷавобгарии ҷиноятӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавонистан
Судшаванда М.М. дар санаи 23.06.2025 сол тахминан соатхои 16:00 дақиқа, ҳамчун ронанда таҳти идораи воситаи нақлиёти тамғаи «BMW»-ро бо роҳи автомобилгарди марказии шаҳри Панҷакент, вокеъ дар хиёбони Рӯдакӣ харакат намуда, талаботи «Қоидахои харакат дар рох», дағалона вайрон намуда, хангоми ба самти чап гардиш карданаш, ба дучархаи тамгаи «Скутер» тахти идораи чабрдидаи ноболиг Х.сол рох надодааст, ки дар натича бо кисмати пешаш ба кисми пеши пахлуи чапи воситаи наклиёти тамгаи «BMW» бархурдааст, ки дар натича ронандаи скутер чабрдидаи ноболиг Х. чарохати чисмонй бардошта, ба беморхонаи марказии шахри Панчакент мурочиат намудааст.
Суд кирдори судшаванда Ҳ.Ш.-ро бо моддаи 212 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, яъне аз ҷониби шахси идоракунандаи автомобил вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ё истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари миёна ба саломати инсон гаштааст пешбинӣ менамояд, банду баст менамояд.
Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд М.М. бо моддаи 212 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.