Ҷавобгарии ҷинояти барои авбошӣ
Ҷавобгарии ҷинояти барои авбошӣ
Судшаванда Х.Ҷ. санаи санаи 30-юми октябри соли 2024, тахминан соати 17:00 дақиқа, воситаи нақлиёти шахсии худ тамғаи “ТОЙОТА COROLLA”-ро дар роҳи мошингарди байни Ҷамоатҳои деҳоти Ёрӣ – Л.Шералии шаҳри Панҷакент идора намуда, ҳангоми дар роҳи мошингарди дохили деҳаи Қумоқи Ҷамоати деҳоти Л.Шералии шаҳри Панҷакент ҳаракат намудан ҷабрдида А.Ҷ. барои дар дохили деҳа бо суръати баланд идора накардан ва ба шаҳрвандон зарар нарасонидан номбурдаро бо овоз ва ишораи даст огоҳ карда будааст. Сипас, судшаванда Х.Ҷ. воситаи нақлиёти худро боздошта, ба самти қафо ҳаракат намуда, воситаи нақлиёташро дар назди А.Ҷ. боздошта, аз дохили воситаи нақлиёташ фаромадааст.
Сипас, судшаванда Х.Ҷ. аз ҳиссиёти баланди авбошӣ бе ягон сабаб ва асосҳои кофӣ ба ғазаб омада, ба ҷабрдида А.Ҷ. ба таври таҳқиромез дарафтода, бо суханҳои “автомашинаи шахсии худам, чӣ хеле хоҳам ҳамон тавр меронам” гўён бо овозҳои баланд дашному ҳақоратҳои қабеҳро раво дида, баҳсу мунозира ва ҷанҷолу кашмокашӣ намудааст. Судшаванда Х.Ҷ. ба ин қонеъ нагашта, бо истифодаи зўроварӣ ва таҳдиди он бо як дасташ аз гиребони либоси ҷабрдида А.Ҷ. дошта, “ҳозир дандонҳоятро зада мешиканам” гўён бо дасту пойҳояш якчанд маротиба ба сару рўй ва узви бадани номбурда задааст, ки шаҳрвандон С. ва Ҷ., ки он ҷой қарор доштаанд халос карданӣ шудаанд. Вале, судшаванда Х.Ҷ. бо овози баланд нисбати ҷабрдида А.Ҷ. дашномҳои қабеҳ дода, бо мушту лағат ба узви бадани вай чанд маротиба зарба задааст. Ҷабрдида А.Ҷ. худро ҳимоя карда натавониста, дар назди дарвозаи шаҳрванд С. ба замин афтидааст. Судшаванда Х.Ҷ. аз ин ҳолат истифода бурда, боз ҷабрдида А.Ҷ.-ро кашолакунон дохили дарвозахона дароварда, дар он ҷой низ номбурдаро мавриди лату кўб қарор додааст.
Судшаванда Х.Ҷ. дар ҷойи ҷамъиятӣ дағалона тартиботро вайрон ва нисбат ба атрофиён беэҳтиромӣ зоҳир намуда, оромию кайфияти роҳгузарон, фурўшандагони нуқтаҳои савдо, шаҳрвандони маҳаллии дар наздикии ҷойи ҳодиса истиқомат дошта ва дигаронро халалдор сохта, тахминан 25 — 30 дақиқа кирдорҳои авбошонаи худро давом додааст.
Аз ин кирдори авбошонаи судшаванда Х.Ҷ. оромии осоиштаи шаҳрвандон халалдор гашта, ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ба кирдору рафторҳои авбошонаи номбурда хотима бахшидаанд.
Суд кирдори судшаванда Х.Ҷ.-ро бо моддаи 237 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои авбошӣ, яъне яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зўроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ муқаррар мекунад, банду баст менамояд.
Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Х.Ҷ. бо моддаи 237 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.