Ҷавобгарии ҷиноятиро барои дузанагӣ

Ҷавобгарии ҷиноятиро барои дузанагӣ

Дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи Суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда И.О. дар содир намудани ҷиноятӣ моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Судшаванда И.О. 30-сентябри соли 2013 бо шаҳрванд Б.З., ақди никоҳи расмӣ баста, аз зиндагии якҷояашон соҳиби ду нафар фарзанд шуда, айни ҳол якҷоя зиндагӣ доранд. Дар баробари ин, И.О. бархилофи талаботи қонунгузории ҷорӣ амал карда, принсипи якканикоҳиро вайрон намуда, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доштанаш, моҳи апрели соли 2018 бо шаҳрванд М.М., ақди никоҳи мусулмонӣ баста, моҳи январи соли 2019 ҳамсари дуюмаш М.М.-ро ба манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Панҷакент оварда, то ин вақт бо ду зан, яъне шаҳрвандон Б.З. ва М.М. хоҷагии умумии якҷоя пеш бурда истодааст.

Ҳамин тариқ, И.О. аз моҳи апрели соли 2018 то инҷониб  бо ду зан, яъне шаҳрвандон Б.З. ва М.М. якҷоя зиндагонӣ карда, хоҷагии умумӣ пеш бурда истодааст. Ҳоло он, ки тибқи талаботи моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёрникоҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд И.О.  бо моддаи  170 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ таъин карда шуд.