Ҷавобгарии ҷиноятиро барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда

Ҷавобгарии ҷиноятиро барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда

 

Таҳти раисии судя Махсудӣ Ф. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Ш.Т. дар содир намудани ҷиноятӣ моддаи 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди барраӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Судшаванда Ш.Т. бе ҳуҷҷатҳои дахлдори ҳуқуқдиҳанда барои истифодабарии замин, бар хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодабарии замин амал намуда, моҳи феврали соли 2020 аз заминҳои ғайрикишоварзии мансуби хоҷагии деҳқонии «Роҷруд»-и  Ҷамоати деҳоти Амондара дар тарҳи №515-и харитаи заминистифодабарии собиқ Ширкати кишоварзии ба номи «Дусти» қитъаи заминро ба масоҳати 81 метри мураббаъ худсарона ишғол карда, дар он манзили истақоматӣ бунёд намудааст, ки бо ин кирдори худ ба манфиати хоҷагии деҳқонӣ ва давлат зарар расонидааст.

Тибқи талаботи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 2 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиатҳои халқ кафолат медиҳад.

Тибқи талаботи моддаи 18-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳудуди қитъаи заминро муқаррар намудани мақомоти дахлдори танзими замин ва додани ҳуҷҷа тҳое, ки ҳуқуқи истифодаи заминро тасдиқ менамояд (сертификат), ба истифодаи қитъаи замин шуруъ намудан манъ аст.

Суд  кирдори судшаванро бо моддаи 338 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои  сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда, новобаста аз  татбиқи ҷазои маъмури пешбинӣ мекунад банду баст менамояд.

Ба судшаванда мувофиқи ҳамин модда ҷазои сазовор таъин карда шуд.