Ҷавобгарии маъмурӣ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ

Ҷавобгарии маъмурӣ

барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ

Мутобиқи талаботи сархати 2 қисми 2 моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, додани иҷозатнома, назорат ва танзими фаъолияти шахсони воеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо мубодилаи асъор машғуланд, ба салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон дохил мешавад. Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», хариду фурӯши асъори хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи бонкҳои ваколатдор ва ташкилотҳои кредитии ваколатдори дигар ва нуқтаҳои мубодила, ҳамчунин бо воситаи биржаҳои асъор, ки ба тартиб ва шаклҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, амали карда мешавад.

Ҳуқуқвайронкунанда Ҷ.М. талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии мазкурро дағалона вайрон карда, санаи 23.08.2020 сол дар  бозори марказии ш.Панҷакент 100 доллари ИМА-ро гирифта бар ивазаш 1080 сомонӣ додааст, ки дар натиҷа аз ҷониби кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шуда, нисбати ӯ бо моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Ҷ.М.-ро бо моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи хариду  фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, ҳангоми набудани аломати ҷиноят пешбини мекунад, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ҷ.М. дар доираи раводиди моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима таъин карда шуд.