Ҷавобгарии маъмурӣ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ
Ҷавобгарии маъмурӣ
барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ
Мутобиқи талаботи сархати 2 қисми 2 моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, додани иҷозатнома, назорат ва танзими фаъолияти шахсони воеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо мубодилаи асъор машғуланд, ба салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон дохил мешавад. Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», хариду фурӯши асъори хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи бонкҳои ваколатдор ва ташкилотҳои кредитии ваколатдори дигар ва нуқтаҳои мубодила, ҳамчунин бо воситаи биржаҳои асъор, ки ба тартиб ва шаклҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешавад.
Ҳуқуқвайронкунанда Р.Ҷ. талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии мазкурро дағалона вайрон карда, санаи санаи 29.09.2024 сол соати 14-40 дақиқа дар мағозаи “Маршал” воқеъ дар ҳудуди Бозори марказии ш.Панҷакент ғайриқонунӣ ба шаҳрванд Р.Т. масолеҳи сохтмониро ба маблағи 45 сомонӣ дода бар ивазаш 45000 сӯми Ҷумҳурии Узбекистонро ҳисоб карда гирифтааст, ки аз ҷониби кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент дастгир ва маблағ дарёфт карда шуда, нисбати ӯ бо моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Р.Ҷ.-ро бо моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи хариду фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, ҳангоми набудани аломати ҷиноят пешбини мекунад, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.