Бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан

Бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан

Дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Панҷакент парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати М.Н. бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода маълум намуд, ки М.Н. санаи 17.10.2022 сол тахминан соати 08:10 дақиқа бо автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» рақами қайди давлатиаш 2706 FF 02 дар роҳи мошингарди Панҷакент бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст, ки бо ин кирдораш талаботи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро, ки мувофиқи он барои амали намудани фаъолияти мусофиркашонӣ иҷозатнома зарур аст вайрон намудааст, ки нисбаташ бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмури тартиб дода парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Нисбати ҳуқуқвайронкунанда М.Н. бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор таъин гардид.