Беаҳмиятии падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Беаҳмиятии падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Мувофиқи моддаи 8 сархати 2–уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидон уҳдадоранд пас аз таваллуд фарзандро дар муҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд.

Аз тарафи ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент муайян карда шудааст, ки Н.Ҷ. санаи 10.03.2020 сол соҳиби фарзанд гардида, уҳдадориҳои модариашро риоя накарда пас аз гузаштани 3 моҳ барои аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронидани фарзандаш ба САҲШ–и ш.Панҷакент муроҷиат намудааст.

Аз ин хотир бинобар вайрон кардани талаботҳои Қонуни мазкур аз ҷониби ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент нисбати Н.Ҷ. бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Н.Ҷ.-ро бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон, омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати ноболиғон банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Н.Ҷ. дар доираи раводиди моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо таъин карда шуд.