БО РАҚАМИ НОАЁН ИДОРА НАМУДАНИ ВОСИТАИ НАҚЛИЁТ

БО РАҚАМИ НОАЁН ИДОРА НАМУДАНИ ВОСИТАИ НАҚЛИЁТ

Ҳуқуқвайронкунанда И.И. санаи 14.12.2024 сол соати 10:20 дақиқа воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Зафира» рақами қайди давлатиаш 1865 NM 02-ро дар роҳи автомобилгарди ш.Панҷакент бо рақами ноаён идора намудааст, ки дар натиҷа аз ҷониби нозири РХРД ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панҷакенте боздошт гардида нисбати ӯ протокол тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда И.И.-ро бо моддаи 312 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои идора кардани воситаи нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ ва бо рақами ноайён пешбини мекунад, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда И.И. дар доираи раводиди моддаи 312 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.