Бо таҷҳизоти иловагии берунии равшанидиҳанда идора намудани воситаи нақлиёт

Бо таҷҳизоти иловагии берунии равшанидиҳанда

идора намудани воситаи нақлиёт

Ҳуқуқвайронкунанда Қ.Ш. санаи 01.11.2020 сол соати 17:27 дақиқа автомашинаи тамғаи «Опел – Астра», рақами қайди давлатиаш 9675 АМ 02-ро, ки ба хадамоти фаврӣ ё махсус тааллуқ надорад, таҷҳизоти иловагии берунии равшанидиҳанда насб карда, Қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя накарда, ҳангоми ҳаракат аз тарафи нозири ХДР ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент боздошт гардида дар ин хусус нисбаташ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Қ.Ш.-ро бо моддаи 316 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани қоидаҳои насб кардани таҷҳизоти иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёте, ки ба хадамоти фаврӣ ва махсус тааллуқ надоранд банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Қ.Ш. дар доираи раводиди моддаи 316 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.