Чорабиии илмӣ – амалӣ бахшида ба 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз 4.11.2025 сол дар Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бахшида ба 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиии илмӣ – амалӣ баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур ҳайати кормандони суд ва иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ш.Панҷакент иштирок доштанд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар суханрониҳо раиси суд Юнусзода Р.П., судяҳо Мирзозода М.Ҳ., Муҳиддинзода Б.Ҳ., Нодирзода Н.М. ва котиби маҷлиси суди Давлатзода М.Б. дар мавзӯъҳои Конститутсия- ҳомии ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ва дастоварди миллии даврони истиқлол, моҳияти ин санади олии ҳуқуқӣ матраҳ карда шуд.
Дар маърӯзаҳо аз ҷумла, зикр шуд, ки қабули Конститутсия бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуку озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид. Аз ин ҷост, ки Коститутсияи Тоҷикистон ба қатори панҷгонаи беҳтарин чунин санадҳои ҳуқуқӣ дар ҷаҳон шомил гардидааст.
Маҳз дар ин санади олии ҳуқуқӣ эъмори Тоҷикистон ҳамчун давлати сохибистихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян гардида, заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлатдории миллӣ таҳким ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар роҳи татбиқи амалии он қадамҳои устувор гузошта шуд.
Суди шаҳри Панҷакент 





