Дузана ҷазо гирифт

Дузана ҷазо гирифт

Таҳти раисии судя Зоирзода М.Я. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи Суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда М.М. дар содир намудани ҷиноятӣ моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Судшаванда М.М. моҳи декабри соли 2005 бо шаҳрванд Р.М. ақди никоҳи расмӣ баста, аз зиндагонии якҷояашон соҳиби чор нафар фарзандони ноболиғ гардида, айни замон якҷоя зиндагони доштаанд.

Дар баробари ин М.М. бархилофи талаботи қонунгузории ҷорӣ амал карда моҳи майи соли 2020 бо шаҳрванд Н.Г. ақди никоҳи мусулмони баста, то инҷониб хоҷагии умумии якҷоя пеш бурда истодааст.

М.М. дар як вақт бо ду зан, яъне Р.М. ва Н.Г. зиндагони карда, хоҷагонии умумӣ пеш бурдааст.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд М.М.  бо моддаи  170 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ таъин карда шуд.