Иҷро накардани уҳдадории падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Иҷро накардани уҳдадории падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Мувофиқи моддаи 9 сархати 4–уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидон ӯҳдадоранд риояи пӯшидани либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд.

Аз тарафи нозири ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент муайян карда шудааст, ки ноболиғ Н.Ф. бе риояи пӯшидани сару либоси мактабӣ дар дарсҳо иштирок намудааст.

Аз ин хотир бинобар вайрон кардани талаботҳои Қонуни мазкур аз ҷониби прокурори ш.Панҷакент нисбати падари ноболиғ Қ.Ҷ. бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Қ.Ҷ.-ро бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон, омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати ноболиғон банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Қ.Ҷ. дар доираи раводиди моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима таъин карда шуд.