Идора намуди воситаи нақлиёт бе рақами давлатӣ

Идора намуди воситаи нақлиёт бе рақами давлатӣ

Ҳуқуқвайронкунанда Н.Ш. санаи 28.03.2025 сол соати 13:10 дақиқа воситаи нақлиёти тамғаи «Шакман» рақами қайди давлатиаш 612 ХХ 01-ро дар роҳи автомобилгарди ш.Душанбе бе рақами қайди давлатӣ идора намудааст, ки дар натиҷа аз ҷониби нозири ШЭ ва С РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Душанбе боздошт гардида нисбати ӯ протокол тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Н.Ш.-ро бо моддаи 312 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои идора кардани воситаи нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ ва бо рақами ноайён пешбини мекунад, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Н.Ш. дар доираи раводиди моддаи 312 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.