Иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф гардидааст

Иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф гардидааст

 Х.С. дидаву дониста, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.10.2019 сол ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон” иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шудааст ва инчунин бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 декабри соли 2014 равияи динии “Салафия” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф гардида, фаъолият ва сомонаю адабиётҳояшон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, дар шабакаи интернетии “Ютуб” саҳифаи худро ба расмият дароварда, ба фаъолияти ифротии ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон”, равияи динии “Салафия”, ки мақсаду мароми ин ҳаракату ташкилотҳо бо роҳи зӯроварӣ аз байн бурдани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина бунёд кардани давлати Исломии “Хилофат” мебошад, бо истифода аз шабакаи интернетии “Ютуб” бо саҳифаи расмиаш то инҷониб мусоидат намудааст.

Бо ин ҳаракатҳояш судшаванда Х.С. дар фаъолияти ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, бо истифода аз шабакаи интернет мусоидат кардааст.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Х.С. ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.