Иштироки фаъолонаи кормандони суди шаҳри Панҷакент дар чорабинӣ таҳти унвони «Марз-2021»

Иштироки фаъолонаи кормандони суди шаҳри Панҷакент дар чорабинӣ таҳти унвони «Марз-2021»

Соати чори субҳи имрӯз – 22-юми июли соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Кормандони суди шаҳри Панҷакент низ соати чори субҳи имрӯз – 22-юми июли соли 2021 бо садо додани бонги хатар ҷамъ оварда шуда, бо омодабошии хуб дар чорабинии зикршуда, ки таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардид фаъолона иштирок намуданд.