Иштироки ронанда ҳангоми ҳаракати муштарак

Иштироки ронанда ҳангоми ҳаракати муштарак

Ҳуқуқвайронкунанда Ғ.С. санаи 03.08.2024 сол соати 15:15 дақиқа бо воситаи нақлиёти тамғаи “Мерседес–Бенс» рақами қайди давлатиаш 1997 01 дар роҳи автомобилгарди шаҳри Панҷакент банди 12.(к) Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар ҳаракати муштарак дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ки ба ҳаракат дар роҳ халал мерасонанд ё ба бехатарии ҳаракат таҳдид менамоянд иштирок кардааст, ки зимни ҳаракт аз тарафи нозири ХДР ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент боздошт гардида дар ин хусус нисбаташ протоколи маъмурӣ тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Ғ.С.-ро бо моддаи 328 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои маъмуриро барои иштироки ронандагони мотосиклҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати муштарак дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ки ба ҳаракат дар роҳ халал мерасонанд ё ба бехатарии ҳаракат таҳдид менамоянд, банду баст карда гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ғ.С. дар доираи раводиди моддаи 328 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.