Итоат накардани ронанда ба талаботи қонунии корманди милитсия

Итоат накардани ронанда ба талаботи қонунии корманди милитсия

Ҳуқуқвайронкунанда Қ.И. санаи 25.02.2021 сол соати 09:30 дақиқа воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай – Старекс» рақами қайди давлатиаш 9041 НС 02 дар роҳи автомобилгарди ш.Панҷакент банди 3.11 Қоидаи ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда, яъне барои аз тарафи ронандагон иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштан саркашӣ карда ҳаракаташро давом додааст, ки аз тарафи нозири ХДР ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент боздошт гардида дар ин хусус нисбаташ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Қ.И.-ро бо моддаи 329 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи ронандагон иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштан воситаи нақлиёт банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Қ.И. дар доираи раводиди моддаи 329 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.