КОНСТИТУТСИЯ – РОҲНАМОИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ ВА ҲУҚУҚБУНЁД
КОНСТИТУТСИЯ – РОҲНАМОИ
ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ ВА ҲУҚУҚБУНЁД
6 ноябри 2019 сол мардуми Тоҷикистон 27-умин солгарди Конститутсияи давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабули эъломияи истиқлолият 9 сентябри соли 1991, зарурияти қабул кардани Конститутсия нав ба миён омад. Зеро, чуноне ки ба ҳама маълум аст, Конститутсия ин ҳамчун санади муҳим, асосӣ ва ҳуқуқии ҳар як давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Моҳи апрели соли 1994 баъди аз тарафи коммисияи Конститутсионӣ тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсия он дар рўзномаҳои ҷумҳурӣ интишор гардида, муҳокимааш оғоз ёфт. Конститутсия дар иҷлосияи 19-уми Шўрои Олӣ муҳокима гардида, ба тариқи раъйпурсӣ тавсия карда шуд.
Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароите омода гардид, ки дар мамлакат ҳанӯз оташи ҷанги дохилӣ хомӯш нагардида буд. Аз инрӯ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати Комиссияи конститутсионӣ кӯшиш ба харҷ медоданд лоиҳае ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шавад, ки дар он барои идомаи низоъҳои миллӣ ягон асос ва заминае боқӣ намонда бошад.
Ҳамин тавр ҳам шуд воқеан, ин санади олӣ, ки 27 сол муқаддам аз тарафи мардуми шарифи Тоҷикистон дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал аз тарқи раъйпурсии умумихалқӣ барои худ ва наслҳои оянда 6-умии ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирузии демократия дар Тоҷикистон мебошад.
Конститутсияи кишвар, Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.
Конститутсияи Тоҷикистон бар пояи андешаи созанда, арзишҳо ва суннату анъанаҳои пурқимати миллии мо ва дар айни замон бо назардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст.
Муҳимтари он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ўро арзиши олӣ эътироф намуд ва минбаъд барои инкишофӣ низоми нави ҷамъиятӣ роҳи васеъ кушода заминаи ҳуқуқиро барои фаолияти озоди иктисодӣ, соҳибкорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ фароҳам овард, ки он оғози марҳилаи сифатан нави инкишофи давлат ва рушди ҷомеъ гардид. Дар ин заминаҳои ҳуқуқӣ халқи тоҷик ба шоҳроҳи бузурги ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва фаъолияти созандаву бунёдкорона раҳнамо гардид.
Меъёрҳои Конститутсия эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шахсро тақозо менамоянд. Ҳамаи ин арзишҳои олӣ, ки дар Конститутсия давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шудаанд, меҳвари фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро ташкил мекунанд. Барои ба таври воқеӣ ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ҷомеаи навини тоҷикон қонуну санадҳое лозим буданд, ки дархӯри чунин манфиатҳо бошанд. Барои эҷоди ин гуна санаду қонунҳо заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ лозим буд, ки он ҳам қабл аз ҳама, Конститутсия нави давлати соҳибистиқлоли демократӣ ва дунявӣ буда метавонист.
Конститутсия истиқлолияти давлатро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навинро муайян кард.
Ислоҳоти системаи сиёсии мамлакат аз қабули Конститутсия оғоз гардида, он сохтори конститутсионии давлати мустақили Тоҷикистонро муайян карда, моҳияти давлату давлатдориро барои оянда раҳнамоӣ намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионӣ, иҷтимоӣ – иктисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохт, тартиби воҳидҳои марзию маъмурӣ ва принсипҳои демократияро дар худ таҷассум менамояд
Пас аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Конститутсия тайи он солҳо музокироти тўлонии миёни тоҷикон, ки мақсади ниҳоӣ таъмини сулҳу субот ва оромию баҳамоии тарафҳо буд, шурўъ шуда, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Созишнома дар радифи ҳаллу фасли як қатор масъалаҳо ниҳоят натиҷаи назаррас дод, аз ҷумла ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия пешбинӣ намуд. Ба он ҳамагӣ се маротиба ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Ин раванд ба устувору пойдории меъёрҳои Конститутсия дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ, сулҳу субот, оромӣ ва камолоти давлатдорӣ мусоидат кард.
Конститутсия муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии инсон буда, аз ин роҳ таъмини онро кафолат медиҳад ва он қабл аз ҳама дар муқаррар намудани ҳудуди салоҳияти рукнҳои давлат ифода меёбад. Аз ин рў дар Конститутсия чунин омадааст:- «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».
Мувофиқи Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Бесабаб нест, ки боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба суд ва ҳокимияти суди бахшида шуда, дар дигар моддаҳои он ҳолатҳое, ки марбут ба амалишавии ҳуқуқу ӯҳдадориҳои инсон, шаҳрванд ва ташкилоту муассиса, корҳонаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хусусӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон ва тарзу воситаи фаъолияташон, ҳифз намудани манфиатҳои онҳо ба ӯҳдаи мақомоти судӣ аст. Зеро ҳаллу фасли қонунии ҳама гуна баҳсу мунозираҳо ва матраҳ кардани дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ пеш аз ҳама салоҳияти судҳо мебошад.
Адолати судиро Суди Конститутсиионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амали мекунанд.
Салоҳяти судҳои мазкур дар қонунҳои конститутсиони «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои Ҷумхурии Тоҷикистон» нишон дода шудааст.
Амалии намудани адолати судӣ бо барраси намудани аризаҳои шаҳрвандон дар мурофиаҳои суди конститутсиони, гражданӣ, хоҷагӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ ба миён меояд.
Ҳокимияти суди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқи, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун барои ба амал баровардлани адолати судӣ ҷалб шудаанд, таалуқ дорад. Ягон мақомоти дигар ва ё шахсон ҳуқуқи ба зиммаи худ гирифтани адолати судиро надоранд.
Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи демократии давлатдориро пеш гирифтааст ва дар Конститутсия дарҷ гардидааст, ки риояи он вазифаи ҳар як шахс аст. Аз ин рӯ миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд. Риояи ҳатмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Ёрдамчии раиси суди
шаҳри Панҷакент Муҳайиниён И.Ҳ.