Маҳруми аз озодӣ барои такроран содир намудани ҷинояти қаллобӣ

Маҳруми аз озодӣ барои такроран содир намудани ҷинояти қаллобӣ

Судшаванда Қ.А. қаблан ду маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, охирон маротиба соли 2014 бо ҳукми суди ноҳияи Ҷ. Расулови вилояти Суғд бо моддаи 247 қисми 3, банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо ин модда нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 6 солу 6 моҳ таъин карда шудааст. Номбурда санаи 03 марти соли 2018 ба озодӣ баромада, ба корҳои фоиданок машғул нагардида, такроран, дар ҳолати ретсидиви хавфнок ҷинояти қасдонаи зеринро содир намудааст.

Чунончӣ Қ.А. бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ бо шаҳрванд Ш.М. шиносои пайдо карда, санаи 11 феврали соли 2021 дар ҳудуди беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент аз ӯ маблағи 3000 (се ҳазор) сомониро мегирад. Инчунин ваъда медиҳад, ки бар ивази мабалағи мазкур Ш.М.-ро дар КМ «Зарафшон» ба ҳайси коргар, ба кор қабул мекунонидааст, зеро онҷо шиносҳои корбудкун доштааст. Аммо Қ.А., маблағи бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ба ҷабрдида зарари ҷиддӣ мерасонад. Боз Қ.А. такроран бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ бо шаҳрванд Н.Ш. шиносои пайдо карда, санаи 15 феврали соли 2021 дар худуди деҳаи Бедаки ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент аз ӯ маблағи 8500 (ҳашт ҳазору панҷсад) сомониро гирифта  ваъда додааст, ки бар ивази маблағи мазкур Н.Ш.-ро дар КМ «Зарафшон» ба ҳайси барқчӣ, ба кор қабул мекунонидааст, зеро дар онҷо шиносҳои корбудкун доштааст. Аммо Қ.А., маблағи бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ба ҷабрдида Н.Ш. зарари калон расонидааст.

Суд  кирдори судшаванро бо моддаи 247 қисми 3 банди “а,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои  қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ , такроран бо расонидани зарари ҷиддӣ ва калон ба шаҳрванд ва дар ҳолати ретсидиви хавфнок пешбини менамояд банду баст менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд судшаванда Қ.А бо моддаи 247 қисми 3 банди “а,в” гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.