МАҚСАД – ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОНИ СОЛЕҲ

МАҚСАД – ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОНИ СОЛЕҲ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 2 августи соли 2011 қабул гардидааст. Мақсади асосӣ баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Чи хеле, ки мебинем мазмуни асосиро калимаи «масъулият ифода менамояд. Ин беасос намебошад, чунки масъулияти падару модар ду ҷабҳа дорад. Аввало падару модар уҳдалории худро иҷро намуда, вазифаи худро оид ба таълиму тарбияи фарзанд дар назди давлат ва ҷомеа иҷро менамояд. Падару модар барои ба таври дахлдор иҷро намудани уҳдадориҳои ба зимма доштаашон бояд ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ин ки вазифаи падару модарӣ ва ҳамчун инсонии худро ба анҷом расонанд. Ин масъулияте мебошад, ки авалан ба зиммаи ҳар як падару модар гузошта шудааст ва онҳо бояд ихтиёран ҳамчун вазифа иҷро намоянд.

Дуввум, вақте падару модар аз иҷрои уҳдадории худ оид ба таълиму тарбияи фарзандон саркашӣ мекунанд, яъне уҳдадориҳои худро иҷро намекунанд, ё ба таври дахлдор иҷро наменамояд, дар натиҷа рафтори фарзандони онҳо боиси вайрон кардани ҳуқуқи дигарон ва тартиботи ҷамъиятӣ мегардад, ки дар чунин ҳолат иҷрои уҳдадориҳои онҳо дар зери маҷбурияти давлатӣ амалӣ карда мешавад ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ ба миён меояд.

Дар Қонуни мазкур маҳз ду тарафи ҳамин як масъала –масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон дар назар дошта шудааст.

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қайд намуда буданд, “мақсад аз таҳияи ин қонун ҷавобгар кардани волидайн ва масъулини тарбия нест, балки Ҳукумат ният дорад, ки тавассути ин қонун масъулият, мақому манзалати падару модарро дар ҷомеа бештар гардонад, ҳар як падару модарро вазифадор кунад, фарзандро тавре тарбия намояд, ки ӯ ба номи бошарафи падару модар ва миллати хеш иснод наорад”.

Дар моддаи 15 Қонуни мазкур ҷавобгарии падару модар ва омӯзгор дар таълиму тарбияи фарзанд пешбинӣ шудааст.

Дар қисми 1 моддаи мазкур омадааст, ки дар ҳолатҳои иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, падару модар ва омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Тибқи қисми 2 моддаи мазкур падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии баробар доранд.

Мувофиқи талаботи қисми 3 моддаи мазкур падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндагӣ мекунанд, барои иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои падару модар, ба истиснои ҳолатҳои пешбибинамудаи қонунгузорӣ, ҷавобгар мебошанд.

Қонунгузории амалкунанда барои иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи фарзанд ҷавобгарии гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятиро пешбинӣ кардааст.

Баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, тибқи талаботи моддаи 93-и Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти судӣ доранд ва аз ҷониби судяҳо баррасӣ карда мешаванд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ ба суди шаҳри Панҷакент дар соли 2019 185 адад парвандаҳо баррасӣ шудаанд. Дар соли 2020 бошад 322-адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ марбут бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи ноболиғон барои баррасӣ ворид гардида, нисбати ҳамаи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шудааст, ки ин боиси нигаронист.

Истамбой Ҳасанзода

ёрдамчии Раиси суди ш.Панҷакент

Ҷӯрабек Расулзода

котиби маҷлиси судии суди ш.Панҷакент