Мурофиаи сайёри судӣ бо парвандаи ҷиноятӣ

Мурофиаи сайёри судӣ бо парвандаи ҷиноятӣ

Таҳти раисии муовини раиси суди шаҳри Панҷакент Пӯлодӣ Т.С. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ, дар Бозори марказии ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Р.Р. дар содир намудани ҷиноятӣ моддаи 209 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Судшаванда Р.Р. санаи 15.07.2020 сол барои бо нархи арзон дастрас кардани нӯшокиҳои спиртии бе маркаҳои боҷи аксизӣ ва ғайристандартӣ дар шаҳри Хӯҷанд ба шахси ба тафтишот номаълум маслиҳат карда, ба фурӯшанда нӯҳокиҳои спиртӣ мефармояд ва ба миқдори умумии 2382 адад нӯшокиҳои спиртии бе маркаҳои боҷи аксизӣ ба шаҳри Панҷакент овардааст.

Тибқи хулосаи МНДСЭ дар ш.Панҷакент нӯшокиҳои спиртии мазкур ба саломатии инсон хатарнок ҳисобида шуда, истеъмоли онҳо иҷозат дода намешавад.