Оқибатҳои риоя накардани танзими анъана ва ҷашну маросим

 

Оқибатҳои риоя накардани танзими анъана ва ҷашну маросим

Ҳуқуқвайронкунанда М.С. санаи 05.09.2020 сол маросими дафну азодории падараш, ки санаи 04.09.2020 вафот кардааст бо забҳи чорво ва додани таом гузаронидааст, ки ҳолати мазкур бархилофи талаботи моддаи 11 банди 3 –уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошад, ки вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент нисбати ӯ бо моддаи 481 қ.1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда М.С.-ро бо моддаи 481 қ.1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда М.С. дар доираи раводиди моддаи 481 қ.1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима таъин карда шуд.